Президенти Тоҷикистон ба мақомдорон се моҳ муҳлат дод то миёни фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонону навросон пурра таҳлилу баррасӣ шавад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар Рӯзи дониш иброз дошт, ки ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмонида шавад.
Ба гуфтаи раҳбари кишвар, зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чӣ гуна истифода мебарем.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ҳама гуна иттилоот хусусияти синнусолӣ дорад. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёр умуман риоя намегардад ва бо ҳамин сабаб қисми зиёди кӯдакону наврасон, аллакай таҳти таъсири манфии чунин иттилоот қарор гирифтаанд.
"Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст. Хонандагон ба ҷои он, ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар фазои маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова кард, ки кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд ва ҷомеа наметавонад, нисбати масъалаи солимии онҳо, яъне ояндаи миллат бетараф бошад.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ ҷавонон бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд.
"Онҳо бояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразноку хабарҳои бардурӯғ, бахусус, бо идеяҳои ифротгароёна муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳм гузоранд”, гуфт ӯ.Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки бо назардошти чунин воқеият бояд роҳҳои мустаҳкам намудани масунияти иттилоотии наврасону ҷавонон дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии онҳо дарёфт карда шаванд.