DataLife Engine / Ҳамлаи Украина ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Русия

Ҳамлаи Украина ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Русия

Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар се киштии низомӣ ва бархе иншооти бандарии Русияро дар пойгоҳи баҳрии "Новороссийск" бо мушак ва паҳпод ҳадаф қарор додаанд.

Бар асоси баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи 12 август дар "Телеграм" нашр шуд, ду киштӣ ба номҳои "Адмирал Эссен" ва "Адмирал Макаров" ҳомили мушакҳои "Калибр" будаанд ва киштии севум як киштии сӯхтрасон будааст.

Ин баёния таъкид кардааст, ки ҳамла ба ин пойгоҳи баҳрии Русия аз назари стратегӣ аҳамияти зиёде дорад.

Дар идоми ин баёния омадааст, ки "Хадамоти амнияти Украина ба таври систематӣ дар ҳоли костан аз тавони Русия барои назорати Баҳри Сиёҳ ва истифода аз нерӯҳои баҳрияш барои идомаи ҷанг бо Украина аст".

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳам бо таъйини ин хабар, эълон кард, ки нерӯҳои ин кишвар дар амалиёти густурда ва камсобиқа ба пойгоҳҳои баҳрии Русия дар Новороссийскй ҳамла карданд.

Вазорати дифои Русия ҳанӯз ба ин иддаои Украина вокунише нишон надодааст.

13-08-2026, 11:35
Вернуться назад