Зеботарин духтари Душанбе бояд чӣ гуна бошад?
Дар Душанбе зеботарин духтари шаҳрро интихоб мекунанд. Ҳоло дар пойтахти кишвар озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" ("Miss Dushanbe – 2026") ҷараён дорад.
Фонди умумии озмун, 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба ғолиби озмун тоҷи тиллоӣ ва 150 ҳазор сомонӣ мукофот тақдим мегардад. Ғолибони ҷойҳои дуввум ва сеюм бо тоҷи тиллоӣ ва ҳар кадоме бо 100 ҳазор сомонӣ мукофот сарфароз гардонида мешаванд.
Ширкаткунандагон бояд аз 17 то 28-сола, бо қади аз 165 то 185 см, вазни аз 50 то 70 килограм ва аз ҳама муҳим симои миллии тоҷикона дошт бошанд.