Дар Филиппин ҳадди аққал 19 нафар дар натиҷаи боронҳои шадид, ки аз тӯфонҳои тропикии "Луис", "Маймай" ва тақвияти муссони ҷанубу ғарбӣ ба вуҷуд омадаанд, кушта шуданд.
ДАР ин бора ТАСС бо истинод ба Идораи мудофиаи граждании Филиппин хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти идора, марги одамон дар вилоятҳои Бенгет, Рисал ва Батангас дар шимоли кишвар сабт шудааст. Дар Вилояти Бенгет шумораи зиеди қурбониен ба қайд гирифта шудааст, ки аксари одамон дар натиҷаи селҳо кушта шудаанд. Тақдири чор нафари дигар номаълум боқӣ мемонад, 15 сокини он ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Шароити номусоиди обу ҳаво дар даҳ минтақаи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Пойтахти Манила, беш аз 2,27 миллион нафарро фаро гирифт. Дар 919 маркази эвакуатсионии густаришефта тақрибан 95 ҳазор нафар ҷойгир шудаанд.