DataLife Engine / Рӯзи иди Фитр маълум шуд

Рӯзи иди Фитр маълум шуд

Рӯзи иди Фитр маълум шуд
⚡️Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр дар Тоҷикистон 20-юми март таҷлил мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда мешавад.
Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб кардаанд, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардум мавъиза хонанд.
Инчунин, ба тамоми имомхатибон супориш шудааст, ки матни табрикотии Шӯрои уламоро ба самъи мардум расонанд.
Сегодня, 15:25
Вернуться назад