Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз идомаи таъмири роҳҳои дохили шаҳрӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд таъмири роҳҳои дохилӣ ва гузаронидани хатти партовоб идома дорад.
Дар ин бора, шаҳрдор Фирдавс Шарифзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ба гуфтаи шаҳрдор, то имрўз 30 км роҳҳои мавзеъи шаҳр таъмир ва барқарор карда шуда, бо дастгирии мақомоти вилоят дар кўчаи Рифъат Ҳоҷиев корҳои васеъгардонӣ идома дорад.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону саховатмандон дар хиёбони Раҳмон Набиев барои гузаронидани хатти партовоб корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.
Айни ҳол аз 2 км ба нақша гирифташуда, масофаи 1,7 км қубурҳои қутраш 800 мм-ра васлу насб карда шуда, ҳоло корҳо дар ин самт давом доранд, афзуд Шарифзода.
Илова бар ин, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубору таъмир карда шудаанд.
Феълан дар Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 млрд сомонӣ идома дорад.
Ҳоло бунёди 33 км роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 км роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 млрд сомонӣ идома дорад.