DataLife Engine / Раҳмон ба Қазоқистон рафт: Чаро?

Раҳмон ба Қазоқистон рафт: Чаро?

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо вазири хориҷа ва директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар шахсони расмӣ ба шаҳри Остона сафар кард
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии "Бозиҳои оянда-2026" ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Дар ин бора Хадамаоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти дар умури масоили робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
"Бозиҳои оянда-2026" мусобиқаи байналмилалии фиджитал-варзиш аст. Он дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аз 29 июл то 9 август баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа беш аз 800 варзишгар иштирок хоҳанд кард.
Мусобиқаҳо дар ҳашт ришта дар чор иншооти бузургтарини варзишии пойтахти Қазоқистон баргузор мешаванд. Ҷоизаи асосӣ 4,65 миллион доллар аст .
Сегодня, 16:20
Вернуться назад