Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон беш аз 330 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар феҳристи сохторҳои фасодзадатарини Тоҷикистон пешсаф буданд.
Тавре Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, онҳо шумораи бештари қонуншиканиҳои ошкоршударо ташкил медиҳанд.
Дар шаш моҳи охир ин ниҳоди давлатӣ 118 ҷиноятро ба қайд гирифтааст.
Ғайр аз ин, дар феҳристи ин ниҳод ба сегонаи аввал инчунин бахши маориф бо 98 ҷиноят ва тандурустӣ бо 97 ҷиноят ҷой гирифтаанд.
Ҳамагӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби Агентии коррупсия дар маҷмуъ 331,4 миллион сомонӣ зарар ошкор гардидааст.
Маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони агентӣ 286 тафтишу санҷиш гузаронида, 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд.
Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Ҳамзамон нисбати 940 нафар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия парванда оғоз карда шудааст.
Сулаймон Султонзода гуфт, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намуда, 425 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 504 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд.