DataLife Engine / Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад

Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳоро ба имзо расониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкур барои ташкили заминаи ҳуқуқии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо байни ду давлат, инчунин транзит тавассути ҳудуди онҳо ва ҳамлу нақл ба кишварҳои сеюм пешбинӣ гардидааст.

Ҳуҷҷат тартиби амалисозии ҳамлу нақли мунтазам ва номунтазами мусофирон, интиқоли байналмилалии борҳо, низоми додани рухсатномаҳо, талабот ба воситаҳои нақлиёт ва ронандагон, инчунин масъалаҳои бехатарии ҳаракат, ҳифзи муҳити зист, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкории мақомоти салоҳиятдорро муайян менамояд.

Дар доираи Созишнома инчунин таъсиси Комиссияи муштарак пешбинӣ шудааст, ки вазифаи он ҳамоҳангсозии татбиқи муқаррароти Созишнома, баррасии масъалаҳои амалии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва ҳалли баҳсҳои эҳтимолӣ мебошад.

Мақомоти салоҳиятдори татбиқи Созишнома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муғулистон Вазорати рушди роҳ ва нақлиёти Муғулистон мебошанд.

Интизор меравад, ки татбиқи Созишнома ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, тавсеаи имконияти тиҷоратӣ, афзоиши гардиши мол, беҳтар гардидани пайвастагии нақлиётӣ байни ду давлат ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ дар минтақа мусоидат намояд.

Сегодня, 11:15
Вернуться назад