Дар Тоҷикистон “Донишкадаи фанновариҳо (технологияҳо)-и рақамӣ ва ҳуши маснуӣ (зеҳни сунъӣ)”, “Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия” ва "Академияи сайёҳӣ” бунёд мешавад.
Қарори ҳукумат дар бораи бунёиди ин муассисаҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 10-уми март имзо гузошт ва онҳо дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбанд.
Ҳадафи таъсиси ин муассисаҳо омода кардани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои сайёҳӣ, ҳуши маснуӣ, иқтисод ва дигар самтҳои ин соҳаҳо гуфта мешавад.