Мақомоти Ҷумҳурии Корея имкони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар кӯдакони то 14-сола дар пасманзари нигаронии афзоянда аз истифодаи аз ҳад зиеди чунин платформаҳо баррасӣ мекунанд. Дар ин бора Хабаргузории Yonhap хабар медиҳад.
Нақшаи марҳилавӣ оид ба маҳдуд кардани имконияти эҷоди ҳисобҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 14-сола ва инчунин маҳдуд кардани таъсири алгоритмҳое, ки метавонанд истифодаи аз ҳад зиеди чунин платформаҳоро барои наврасони аз 14 то 19-сола ташвиқ кунанд, баррасӣ карда мешавад.
Ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои синну сол барои дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар бисер кишварҳо бештар баррасӣ мешуд. Австралия моҳи декабри соли 2025 дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии шахсони то 16-соларо манъ кард. Як қатор кишварҳои ИА, Аз ҷумла Полша, Испания, Олмон, аллакай қоидаҳои худро оид ба маҳдуд кардани истифодаи ин платформаҳо аз ҷониби кӯдакон таҳия мекунанд.