Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе "ярмарка"-и маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз 14 то 20-уми март намоишгоҳи фурӯш (ярмарка)-и маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Дар ин бора, аз шаҳрдории Душанбе ба хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шуда, маҳсулот дар намоишгоҳ нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад.
Бо суроғаи намоишгоҳҳои фурӯш дар баргаи якуми мо (акси 2) шинос шавед.
Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кунанд.
Бо нархи маҳсулот дар ин намоишгоҳҳои фурӯш дар баргаи дуюм (акси 3) шинос шавед.
Бояд гуфт, намоишгоҳҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ташкил карда мешавад.
Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд. Чун ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо мухталиф нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва ин боиси нигарониву шикояти сокинон мегардад.