DataLife Engine / Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрванд Кузнесов Артур, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрванд Кузнесов Артур, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шудааст. Бо вуҷуди ин, аз кирдорҳои ҷиноятӣ даст накашида, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба дуздии дучархаҳои шаҳрвандон машғул гардидааст.
Айни замон 9 ҳолати ҷинояти дуздӣ, ки аз ҷониби Кузнесов А. содир гардидаанд, ошкор карда шуда, дучархаҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Нисбати номбурда бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
11-03-2026, 15:36
Вернуться назад