DataLife Engine / Ҷумабоева Ҳилола, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, барои паҳн намудани акс ва наворҳои дорои хусусияти ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Ҷумабоева Ҳилола, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, барои паҳн намудани акс ва наворҳои дорои хусусияти ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Ҷумабоева Ҳилола, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, барои паҳн намудани акс ва наворҳои дорои хусусияти ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Гарчанде номбурда қаблан барои содир намудани чунин кирдор ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида бошад ҳам, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ӯ аз ин амалҳои ношоистаи худ даст накашидааст.
Номбурда мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақим анҷом дода, бо истифода аз алфози қабеҳ муошират намуда, шаъну шараф ва қадру манзалати занонро паст мезад.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Ҷумабоева Ҳ. протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз кулли шаҳрвандон даъват ба амал меоварад, ки аз паҳн намудани маводҳои дорои муҳтавои ғайриахлоқӣ қатъиян худдорӣ намуда, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ талаботи қонун, одоби муошират ва меъёрҳои ахлоқиро риоя намоянд.
За распространение в социальных сетях фото и видеоматериалов непристойного содержания сотрудниками отдела уголовного розыска Управления МВД по городу Душанбе была задержана Джумабоева Хилола, 18-летняя жительница города Душанбе.
Несмотря на то что ранее она уже привлекалась к ответственности за совершение аналогичных правонарушений, она не прекратила заниматься подобной противоправной деятельностью.
Установлено, что Джумабоева Хилола регулярно проводила прямые эфиры в социальных сетях, в ходе которых использовала нецензурную лексику, а также унижала честь и достоинство женщин.
По данному факту в отношении Джумабоевой Х. был составлен протокол об административном правонарушении. Решением суда ей назначено наказание в виде административного ареста сроком на 5 суток.
Управление МВД по городу Душанбе призывает всех граждан категорически воздерживаться от распространения материалов непристойного содержания, а при использовании социальных сетей строго соблюдать требования законодательства, культуру общения и нормы морали.
@dushanbe_police_tj
Сегодня, 11:08
Вернуться назад