DataLife Engine / Раҳмон: Тоҷикистон Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонад

Раҳмон: Тоҷикистон Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонад

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ тарҳҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх таҳкими робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву башарро баррасӣ намуд.
“Мо Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонем”, - таъкид кард Раҳмон.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, дар ин дидор ҷонибҳо ба тақвияти бештари ҳамкориҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки дар ин мулоқот роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ барои татбиқи тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор доранд, муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки идомаи ҷалби муассисаҳои молиявии Арабистони Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ ба рушди ҳамкориҳои мутаносибан судманд мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин дар мулоқот густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, бахшҳои аграрӣ ва зерсохтори нақлиётӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд.
Роҳҳои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Сегодня, 16:12
Вернуться назад