DataLife Engine / Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид

Варзишгари ҷавони тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, бо ҳунару маҳорати баланд ҳунарнамоӣ намуда, бар ҳарифонаш ғолиб омад ва соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мусобиқаи мазкур бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои гуногун доир шуд. Махсатулло Муъминов бо нишон додани маҳорати олӣ, иродаи қавӣ ва омодагии хуби варзишӣ бар рақибонаш пирӯз гардида, ҷойи аввалро сазовор гардид.

Ин дастоварди варзишгари ҷавон нишонаи рушду пешрафти соҳаи варзиш ва заҳмати мураббиён мебошад. Пирӯзии Махсатулло Муъминов боиси сарфарозии дӯстдорони варзиш ва парафшонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

11-03-2026, 14:47
Вернуться назад