DataLife Engine / Қадршиносии духтараки 4 сола барои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ

Қадршиносии духтараки 4 сола барои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ

Қадршиносии духтараки 4 сола барои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар пайи шамолҳои сахт Парчами давлатӣ аз симчӯб ба замин поин меафтад ва духтараки хурдсоле онро бардошта парафшон мекунад. Ин амали наврас боиси таҳсини корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, навори он дар як муддати кӯтоҳ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн гардид.
Муайян карда шуд, ки ин ҳолат дар ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик ба вуқуъ пайвастааст. Духтараки хурдсол бошад Абдуллозода Фотима Сунатуллои 4 сола мебошад.
Ин иқдомро сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Темурмалик, подполковники милитсия
Икромзода Саидҷафар Музафар ҳамчун тарбияи дурусти фарзанд ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ шуморида, оилаи кудакро бо Сипоснома ва тӯҳфа қадршиносӣ намуд.
Сегодня, 09:31
Вернуться назад