Арзиева Саломат, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор, зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ солҳои тӯлонист ин амали зиштро пешаи худ намудааст. Бо истифода аз риштаҳои гуногунранг, обу сипанд ва узви занонаи гург амалҳои фолбинию соҳириро анҷом медодааст.
Вобаста ба ин нисбати Арзиева С. бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6240 сомонӣ, таъин гардид.
Аз шаҳрвандон бори дигар даъват карда мешавад, ки бо мақсади аз байн бурдани ин амали нангин ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд.
Сотрудниками отделения туристической милиции Управления МВД по городу Душанбе за занятие гаданием была задержана жительница города Гиссара Арзиева Саломат, 1971 года рождения.
В ходе проверки установлено, что с целью получения материальной выгоды она на протяжении многих лет сделала это постыдное занятие своим ремеслом. Используя разноцветные нити, воду, гармалу и половой орган волчицы, осуществляла гадание и колдовские обряды.
По данному факту в отношении Арзиевой С. по статье 482 Кодекса Республики Таджикистан об административных правонарушениях составлен административный протокол. Решением суда ей назначен административный штраф в размере 80 расчётных показателей, что составляет 6240 сомони.
В очередной раз обращаемся к гражданам с призывом оказывать содействие органам милиции в целях искоренения данного постыдного явления.
@dushanbe_police_tj