Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA (солҳои 1970–2026), ки зимни ифтитоҳи Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Пешвои миллат эҳдо гардид, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ хабар медиҳад.
Ҳоло ин туҳфаи арзишманд дар толори намоиши туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи талаботи осорхонавӣ дар гӯшаи махсус ҷойгир карда шуда, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Таърихи рушди тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA аз соли 1970 инҷониб ширкати машҳури ҷаҳонии «ADIDAS» таъминкунандаи расмии тӯбҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол мебошад. Маҷмуи пешниҳодшудаи тӯбҳо рушди технологияҳои тарҳрезии беш аз панҷоҳсолаи футболи ҷаҳониро инъикос мекунад.