DataLife Engine / Маълум шуд сафири нави Русия дар Тоҷикистон кӣ мешавад

Маълум шуд сафири нави Русия дар Тоҷикистон кӣ мешавад

Александр Киншак, директори Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъйин шуд
Думаи давлатӣ таъини Александр Киншакро ба ҳайси сафири Русия дар Тоҷикистон тасдиқ кард.
Дар ин бора Константин Затулин муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури ИДМ хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, ахиран дар Кумита масъалаи таъйни Александр Киншакро ба ҳайси сафири Русия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
“Ин қарор рӯзи сешанбе дар ҷаласаи пӯшида қабул карда шуд. Киншак дар ин вазифа Семён Григорьевро иваз хоҳад кард”, - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, вазифаҳои Семён Григорев сафири феълии Русия дар Тоҷикистон ба охир расид, ҷои ӯро акнун Александр Киншак, дипломати ботаҷриба, ки айни замон роҳбарии Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ аст мегирад.

Александр Киншак кист?

Ӯ соли 1988 аз Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскавро хатм кардааст ва забонҳои арабӣ ва англисиро медонад.
Аз соли 1988 инҷониб дар хидмати дипломатӣ кор мекунад.
Ӯ мушовири сафири Русия дар Ироқ (2002–2004) буд.
Вай сафири Русия дар Кувайт (2008–2013) ва Сурия (2014–2018) буд.
Аз соли 2018 инҷониб, ӯ директори Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолии Вазорати корҳои хориҷии Русия буд.
Киншак бо ордени Александр Невский, ордени "Ҷасорат", ордени "Шараф" ва ордени "Хизмати шаҳрвандии Сурия" сарфароз гардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Семен Григорев 16 августи соли 2022 дар Тоҷикистон сафир таъйин шуда буд. У хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав аст. Забонҳои форсӣ ва англиси дар сатҳои медонад.
Қаблан ӯ ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият кардааст.
Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то ҳол мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.
Сегодня, 11:29
Вернуться назад