DataLife Engine / Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз мегардад

Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз мегардад

Дар саросари Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
Аз 1 то 10 июл даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ барои довталабони баргузор мегардад.
Дар ин бора Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Маркази миллии тестии Тоҷикис имтиҳонҳо дар 55 марказ гузаронида мешаванд. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад.
Ин маълумот барои довталабон дар саҳифаи инфиродияшон низ дастрас мешавад. Марказҳои имтиҳонӣ барои даври якум дар 21 шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Турсунзода, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда мешаванд.
Сегодня, 11:27
Вернуться назад