DataLife Engine / "Гуфт, дастонамро бастанд ва ба фурудгоҳ бурданд"

"Гуфт, дастонамро бастанд ва ба фурудгоҳ бурданд"

Пайвандони паноҳҷӯи 54-солаи тоҷик Асадулло Бобоев гуфтанд, ки сарфи назар аз нигарониҳо аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан, мақомоти Олмон ӯ ва писарашро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Вай пештар гуфта буд, ки узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Тоҷикистон ӯро ба тундгароӣ гумонзад медонанд.

Мастона Файзуллоева, ҳамсари Асадулло Бобоев, рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дар Душанбе шавҳарашро ба боздоштгоҳ бурда, писари нуздаҳсолааш Муҳаммадро ба дасти модарбузургаш супурдаанд.

"Ман сахт дар ташвишам, ки аҳволи писару шавҳарам чӣ мешуда бошад," - гуфт ҳамсари Асадулло Бобоев, ки бо як фарзанди дигараш дар Олмон мондааст.

Шарҳи мақомоти Олмон ва Тоҷикистон дастрас нест.

Ба гуфтаи Мастона Файзуллоева, шавҳараш рӯзи 20-уми июн телефонӣ хабар додааст, ки ӯро ба тарафи шаҳри Мюнхен бурдаанд ва бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон мефиристанд. "Гуфт, ки дастонамро бастаанд. Аз ин зиёд чизе ба забон наовард," -- афзуд ҳамсари Асадулло Бобоев.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки мақомоти Олмон Асадулло Бобоевро аллакай ба Тоҷикистон бозпас фиристодаанд.

Талоши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон бенатиҷа буд. Радиои Озодӣ маълум кард, ки рӯзи 20-уми июн ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" аз шаҳри Мюнхен ба Душанбе парвоз кардааст.

Асадулло Бобоев рӯзи 8-уми июн ҳамроҳи писараш, Муҳаммад Бобоев, дар шаҳри Крайс Клеве дастгир шуд. Мақомоти Олмон ба Бобоев ва писараш фурсат дода буданд, ки барои ҳимоят аз худ ва боқӣ мондан дар Аврупо далелҳои кофӣ пешниҳод кунанд.

Асадулло Бобоев қабл аз ихроҷ ба Тоҷикистон гуфт, Хадамоти муҳоҷирати Олмон ӯро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт карданд. Вале худаш гуфта буд, ба Тоҷикистон фиристодани ӯ ва аъзои хонаводааш кори дурусте нест, чун эҳтимол мавриди шиканҷа ва азият қарор гиранд.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд мегӯяд, "мо даҳҳо саҳифа факту далелҳоро ба воситаи вакили мудофеъ ба Додгоҳи Олмон пешниҳод кардем, ки ӯро дар Тоҷикистон азияту шиканҷа мекунанд ва муҷозоташ хоҳанд кард. Вале бубинед аслан ин кишвари демократӣ аҳамият надод ва билети ҳавопаймояш барои 1-уми июл буд, боз барои муаррифии ӯ фурсат буд, вале бехабар аз пайвандонаш ҳам Асадулло ва ҳам писарашро фиристоданд".

Асадулло Бобоев 9-уми июн дар як паёми телефонӣ аз боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Олмон гуфт, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Душанбе нисбат ба ӯ бо гумони тундгароӣ парванда боз кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки кишварҳои аврупоӣ чанде аз паноҳҷӯёни тоҷикро ихроҷ карданд ва сипас онҳо дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштанд.

Ихроҷи паноҳҷӯён

Зиёда аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Кишварҳои аврупоӣ чанде аз онҳоро бо далелҳои гуногун ихроҷ кардаанд, ки сипас дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштанд:

Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон (Полша) ронда ва дар Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Ӯро ба 20 сол зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯйи тоҷик аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Вай яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.

Дилмурод Эргашев, ки 13 соли охир дар шаҳри Клеваи Олмон мезист, моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон фиристода шуд ва Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ" ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.

Фарҳод Неъматов, паноҳҷӯи тоҷик, ки аз Шветсия ихроҷ шуд, дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи "Ҳизби таҳрир" ба 8 сол зиндон маҳкум шуд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ борҳо Олмон ва кишварҳои дигари аврупоиро барои ихроҷи паноҳҷӯён ба Тоҷикистон танқид кардаанд. Ба ҷое, ки ба гуфтаи онҳо “хатари шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад”.

манбаъ: сомонаи "Радиои Озоди"

Сегодня, 17:55
Вернуться назад