Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, як далели ташкили пойгаҳи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт муаяйн карда шуд.
Шаби 7 уми марти соли ҷорӣ, дар кӯчаи С.Айнӣ, шаҳрванд Файзуллоев Алишер-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "Хундай", рақамҳои қайди давлатиаш 7411OD01, бо ронандаи мотосикл шаҳрванд Сафаров Салимҷон пойгаҳи ғайриқонунӣ ташкил намудаанд. Номбурдагон воситаи нақлиётро бо суръати ниҳоят баланд идора намуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон бо моддаи 326 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Тибқи талаботи моддаи мазкур ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 19500 то 23400 сомонӣ) ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол ҷазо таъин карда мешавад.