DataLife Engine / Садақаи сокинон дар роҳҳои Тоҷикистон боиси танбашавии нақлиёт шудааст

Садақаи сокинон дар роҳҳои Тоҷикистон боиси танбашавии нақлиёт шудааст

Шӯрои уламои Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз тақсими ғизо ва садақаро зери чароғакҳои роҳ ва сари роҳҳои калон худдорӣ намоянд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар изҳороти расмиаш аз сокинон хоҳиш кардааст, ки хайру садақоти худро тибқи талаботи шариати исломӣ бе риё ба мустаҳиққони садақа, яъне ятимону бенавоён ва ниёзмандону дармондагон пешниҳод намоянд.
Ин ниҳоди динӣ қайд кардааст, ки рӯзҳои охир мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо дар шаҳрҳо, ҳангоми фаро расидани вақти ифтор маводи ғизоӣ, хӯрок ва дигар садақоти худро дар сари роҳҳои калон ва зери чароғакҳои роҳнамо ба ронандагону дигар мусофирон пешниҳод менамоянд.
“Чунин амалҳо боиси зиёд шудани тамбашавӣ дар роҳҳо ва таъхири мусофирон мегардад. Дар ҳоле ки савоби ҳама гуна садақот ва хайрот дар он сурат бештар мешавад, ки ба ниёзмандон дода шавад”, - қайд кардааст Шӯрои уламо.
Зикр гардидааст, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳму шафқат ва эҳсон аст.
“Дар ин моҳи муборак ҳамватанони мо ба қадри тавони хеш талош менамоянд, ба корҳои хайру писандида даст бизананд. Аммо ҳар як инсони муъмин бояд бидонад, ки дар шариати исломӣ дилхоҳ амал, аз ҷумла хайру садақот, тартибу низом ва одоби худро дорад”, - таъкид намудааст Шӯро.
Ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки хайру садақоти худро тибқи талаботи шариати исломӣ бе риё ба мустаҳиққони садақа, яъне ятимону бенавоён ва ниёзмандону дармондагон пешниҳод намоянд.
Шӯрои уламо бо такя ба оятҳои Қуръон, махсусан сураи “Тавба”, ёдовар мешавад, ки садақа пеш аз ҳама барои фақирон, мискинон, ятимон ва одамони дармонда аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани баргузории маъракаи ифторро рад кард.
Шӯрои уламо гуфта буд, ки барои гузаронидани ин гуна маъракаҳо маҳдудият ҷорӣ нашудааст, вале ба исрофкорӣ роҳ надиҳед.
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 19-уми феврал фаро расида, то 20 март идома мекунад.
Сарчашма: sputnik.tj
Сегодня, 13:51
Вернуться назад