DataLife Engine / Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ навсозӣ гардида, шароити фаъолияти кормандони мақомоти милитсия беҳтар карда шуда истодааст.

Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ навсозӣ гардида, шароити фаъолияти кормандони мақомоти милитсия беҳтар карда шуда истодааст.

Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ навсозӣ гардида, шароити фаъолияти кормандони мақомоти милитсия беҳтар карда шуда истодааст.
Аз ҷумла, имрӯз аз ҷониби як зумра соҳибкорони саховатпеша 6 адад воситаҳои нақлиёти нави хизматӣ ба кормандони милитсияи пойтахт тақдим гардиданд. Воситаҳои нақлиётии мазкур дар фаъолияти хизматии кормандони милитсия истифода гардида, барои таъмини беҳтари тартиботи ҷамъиятӣ, гузаронидани корҳои профилактикӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ мусоидат хоҳанд намуд.
Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба соҳибкороне, ки дар ин иқдоми хайрхоҳона саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуда, чунин иқдомҳоро намунаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими амнияту оромии ҷомеа арзёбӣ менамоянд.
10-03-2026, 09:59
Вернуться назад