DataLife Engine / Таҳқиқи навор: ҳабси блогер бо тахаллуси Идибеки Бохтарӣ

Таҳқиқи навор: ҳабси блогер бо тахаллуси Идибеки Бохтарӣ

Таҳқиқи навор: ҳабси блогер бо тахаллуси Идибеки Бохтарӣ
Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ якчанд наворҳое паҳн гардиданд, ки дар он аз ҷониби блоггер Идибеки Бохтарӣ, номи аслиаш Зарифзода Абдуллоҳ Мардон соли таваллудаш 13.03.1994, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар дигар корбарону ҳамсӯҳбатонаш мавриди дашному ҳақорат ва алфози қабеҳ қарор гирифтаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон шаҳрванд Зарифзода Абдуллоҳ Мардон, ки ҳамчун блогер ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шудааст, муайян ва дастгир карда шуд.
Гарчанде боздоштшуда қаблан низ барои содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб ва маҳбасӣ гардида буд, аз рафтори ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ набароварда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши мустақим (эфир) мунтазам аз алфози қабеҳ, суханони таҳқиромез ва ибораҳои хилофи одобу ахлоқи ҷамъиятӣ истифода намуда, шаъну шарафи дигар шаҳрвандонро паст задааст.
Дар асоси маводи ҷамъоваришуда нисбати Зарифзода Абдуллоҳ Мардон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба мӯҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус блогерон ва фаъолони интернетӣ, таъкид менамояд, ки ҳангоми фаъолияти худ меъёрҳои қонунгузорӣ, одоби муошират ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои дигар шаҳрвандонро риоя намуда, аз паҳн намудани маводи дорои хусусияти таҳқиромез, ғайриахлоқӣ ва барангезандаи низоъ худдорӣ намоянд.
5-06-2026, 09:16
Вернуться назад