DataLife Engine / Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”
Пулиси Душанбе эълон кард, ки навори “муносибати бераҳмона ва рафтори хушунатомез” нисбат як кӯдаки яксола аз сӯйи модарашро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва вокунишбарангез шуда буд, таҳқиқ кардааст.
Ин ниҳод субҳи 4-уми июн дар хабарномае аз зани дар навор тасвирёфта Мавлуда Бурҳоноваи 22-сола ном бурда, гуфт, ӯ қаблан барои “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “ҷалби духтарон ба фоҳишагарӣ” (моддаҳои 110 ва 239 КҶ) ба ҷавобгарии ҷинояӣ ҷалб шуда буд.
Ҳоло, ба гуфтаи манбаъ, алайҳи ин зан “маводи зарурӣ” тартиб дода шуда, масъалаи гирифтани фарзандаш аз дасти ӯ (татбиқи талаботи моддаи 73 Кодекси оила) дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Мақомот нагуфтаанд, ки Бурҳонова дастгир шудааст ё не.
Назари ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Пулиси пойтахт изҳор доштааст, ки “масъалаи таъмини амният, нигоҳубин ва тарбияи минбаъдаи кӯдак таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор дорад”
4-06-2026, 13:52
Вернуться назад