DataLife Engine / Вокуниш: ҷаримабандии 3 нафар барои бадрафторӣ нисбати ҳайвон (саг)

Вокуниш: ҷаримабандии 3 нафар барои бадрафторӣ нисбати ҳайвон (саг)

Вокуниш: ҷаримабандии 3 нафар барои бадрафторӣ нисбати ҳайвон (саг)
Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки 3 нафар нисбати ҳайвон (саг) амалҳои бадрафторона ва ғайриинсонӣ намуда, ин амали ғайриқонуниро ба навор гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн кардаанд. Ин амали онҳо боиси вокуниши зиёд ва муроҷиати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ҷиҳати ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани содиркунандагон ин амали зиддиҳуқуқӣ гардид.
Аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон дар натиҷаи гузаронидани санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Ҳукуматов Лутфулло Юсуфҷонович соли таваллудаш 10.02.2007, Зоиршои Ҳасан соли таваллудаш 19.02.2008 ва Абдулҳақзода Фахриддин Иқболшо соли таваллудашон 25.04.2008 ҳангоми дар деҳаи Наврӯзи ноҳияи Фархор қарор доштан, сагро дошта ба даҳонаш тамоку (нос) рехта, нисбаташ амалҳои бараҳмона анҷом додаанд.
Дар натиҷа нисбати дастгиршудагон Ҳукматов Лутфулло Юсуфҷонович, Зоиршои Ҳасан ва Абдулҳақзода Фахриддин тибқи талаботи моддаи 277 қисми 2 (Муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме ба андозаи 10 нишондиҳандагӣ барои ҳисобҳо баробар ба 780 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Сегодня, 08:35
Вернуться назад