DataLife Engine / Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора намудани воситаи нақлиёт метавонад сабабгори рух додани садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ гардад.

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора намудани воситаи нақлиёт метавонад сабабгори рух додани садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ гардад.

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора намудани воситаи нақлиёт метавонад сабабгори рух додани садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ гардад.
Санаи 4 апрели соли ҷорӣ, дар кӯчаи Назаршоев, Рафиев Раҷаҳмад — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақами қайди давлатии 5193ТТ 09, як нафар сокини 8-солаи пойтахтро пахш намуд, ки пиёдагарди хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Зимни ташхис муайян гардид, ки номбурда дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, дорувории сахттаъсири «Прегабалин», ба истилоҳ «Лирика»-ро истеъмол намудааст.
Ба иттилои Прокуратураи шаҳри Душанбе, нисбати номбурда бо қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Пас аз тафтиши ҳамаҷониба ва баррасии парвандаи ҷиноятии мазкур, Рафиев Р. гунаҳгор дониста шуда, Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати шаш сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати даҳ сол таъин намуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи ронандагон даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, ҳеҷ гоҳ дар ҳолати сархушӣ ё зери таъсири маводи нашъадор, психотропӣ ва дигар доруҳои мадҳушкунанда нақлиётро идора накунанд.
Состояние опьянения, особенно вызванное употреблением наркотических средств и других одурманивающих веществ, может стать причиной тяжёлых дорожно-транспортных происшествий.
4 апреля текущего года на улице Назаршоева водитель автомобиля марки «BYD» Рафиев Раджахмад, государственный номер 5193ТТ09, совершил наезд на 8-летнего жителя столицы. В результате происшествия ребёнок-пешеход скончался на месте.
В ходе медицинского освидетельствования было установлено, что водитель находился в состоянии опьянения, вызванного употреблением сильнодействующего лекарственного препарата «Прегабалин», известного под названием «Лирика».
По информации Прокуратуры города Душанбе, в отношении вышеуказанного было возбуждено уголовное дело по части 4 статьи 212 Уголовного кодекса Республики Таджикистан.
После проведения всестороннего расследования и рассмотрения уголовного дела суд признал Рафиева Р. виновным. Приговором суда района Шохмансур ему назначено наказание в виде шести лет лишения свободы с лишением права управления транспортными средствами сроком на десять лет.
Управление МВД по городу Душанбе призывает всех водителей строго соблюдать Правила дорожного движения и никогда не управлять транспортными средствами в состоянии опьянения либо под воздействием наркотических, психотропных и иных одурманивающих веществ.
@dushanbe_police_t
1-06-2026, 16:30
Вернуться назад