Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
18 майи соли 2026 дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва маросими тантанавии қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Аз ҷониби Русия дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин ва намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ширкат варзиданд.
Маросими тантанавӣ бо иштироки ротаҳои қаровулони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сурат гирифт.
Иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ҳамчунон таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшиданд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1920-1930-юм иродаи қавии сиёсӣ нишон дода, аз ҳуқуқи миллати тоҷик барои рушду хештаншиносӣ дифоъ кардаанд. Ҳамин тариқ, Нисор Муҳаммад низ дар ташаккули асосҳои фарҳангсолорию маорифпарварии давлат саҳми назаррас гузоштааст.
Ғояҳо ва мероси шахсиятҳои мазкур аз имтиҳони замон гузаштанд ва ҳамчун нишони эътирофи хидматҳои шоёни онҳо, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур пас аз вафот унвони олии давлатии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Русия, маъмурияти шаҳри Москва ва онҳое, ки дар ташкили ин амали нек мусоидат карданд, самимона изҳори сипос намуд.
Дар суханрониҳои худ Михаил Галузин ва Михаил Швидкой аҳаммияти барқарорсозии адолати таърихиро вобаста ба бозгашти хоки қаҳрамонон ба Ватан зикр намуданд. Суханронон хизматҳои бузурги онҳоро дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таъкид намуда, қайд карданд, ки супоридани хок равобити бародаронаро миёни халқҳои Тоҷикистон ва Русия таҳким бахшида, ба таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаву иттифоқӣ мусоидат менамояд.
Капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонон 19 майи соли 2026 ба Душанбе оварда шуда, ҳамчун рамзи ворисии наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи кишвар, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.