DataLife Engine / Мусобиқаи аспдавонӣ

Мусобиқаи аспдавонӣ

Мусобиқаи аспдавонӣ
Дар идомаи мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон, таҳти шиори «Ҷавонон ва амнияти миллӣ», ки дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон баргузор гардид, дар ин рӯз 17 уми майи соли равон мусобиқаи аспдавонӣ доир карда шуд.
Мусобиқаи аспдавонӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ва иштироки ҳаводорони зиёди ин навъи варзиш баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки мусобиқаҳои варзишии мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва сокинони саховатпешаву ватандӯсти ин ноҳияи зебоманзару сайёҳии кишварамон миёни аспдавононӣ тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, дар он зиёда аз 200 аспдавонони бомаҳорату мухлисони ин навъи варзиш иштирок намуданд.
Варзишгарон дар масофаи 2200 метр дар ҳафт давр, ки дар ҳар як давр 9 нафар аспдавонон бо чолокиву маҳорати баланди асптозӣ бо ҳам сабқат намуданд.
Дар даври ниҳоии ин мусобиқа ғолибони шаш давр бо як маҳорати баланди баланд бо ҳам сабқат намуда ҷойи аввалро Фирдавс Саломов бо аспи тахаллусаш «Лаъл», ҷойи дуюмро бошад асптоз Ҳасанов Шаҳобуддин бо аспи тозии тахаллусаш «Номус» ва ниҳоятан ҷойи сеюмро Шамсиддин Шамсов бо аспи тахаллусаш «Демон» сазовор шуданд.
Ғолибон бо ҷом, медал, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
18-05-2026, 14:06
Вернуться назад