DataLife Engine / Одамкушӣ

Одамкушӣ

Одамкушӣ
15-уми майи соли 2026 шаҳрванд Рофиев Абдулло Ҳоҷиевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Деваштич, дар заминаи мастӣ дар мавзеи Равоти ҷамоати деҳоти И.Сомонии ноҳияи мазкур, бо ҳамқадаҳи худ Абдуҷабборов Фурқат Аброрович соли таваллудавш 1975, сокини ноҳияи Девваштич муноқиша намуда, гумонбаршаванда Рофиев Абдулло бо корди дар дасташ буда, як чанд маротиба ба қафаси синаи Абдуҷабборов Фурқат зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Нисбати Рофиев Абдулло бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта
шудааст.
18-05-2026, 14:02
Вернуться назад