DataLife Engine / Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки фарзанди онҳо давоми чанд рӯз боз бедарак гардидааст.

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки фарзанди онҳо давоми чанд рӯз боз бедарак гардидааст.

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки фарзанди онҳо давоми чанд рӯз боз бедарак гардидааст.
Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ноболиғ дарёфт гардид.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда аз сабаби он ки шаҳрвандон Зокиров Билол, Ғафуров Ёсин, Муминов Кароматулло, Муминов Ҳабибулло ва Ризоев Маҳмудҷон, аз ӯ маблағи калони пулӣ талаб кардаанд, аз манзили зисташон фирор кардааст.
Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ ин панҷ нафар дастгир карда шуданд.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки гумонбарон бо маслиҳати пешакӣ гурӯҳи ҷиноятиро ташкил намуда, ноболиғро ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Jetour» рақами қайди давлатиаш 411 DD 10 боздошт намуда, аз ҳолати мазкур наворбардорӣ кардаанд. Сипас, бо баҳонаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн насохтан ва ифшо накардани навори мазкур, аз ӯ маблағи 14 000 сомонӣ талаб намудаанд.
Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо бо моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати аз кирдорҳои ғайриқонунии номбурдагон ҷабр дидан тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Родители 15-летнего несовершеннолетнего жителя города Душанбе обратились в органы милиции с заявлением о том, что их сын на протяжении нескольких дней считался пропавшим без вести.
В результате проведённых оперативно-розыскных мероприятий сотрудниками подразделения уголовного розыска ОМВД-1 по району Сино несовершеннолетний был найден.
В ходе проверки установлено, что подросток сбежал из дома из-за того, что граждане Зокиров Билол, Гафуров Ёсин, Муминов Кароматулло, Муминов Хабибулло и Ризоев Махмуджон требовали от него крупную сумму денежных средств.
Указанные лица были задержаны по подозрению в совершении преступления, связанного с вымогательством.
Предварительным следствием установлено, что подозреваемые, предварительно объединившись в преступную группу, задержали несовершеннолетнего в момент управления автомобилем марки «Jetour» с государственным регистрационным номером 411 DD 10 и сняли происходящее на видео. Затем, угрожая распространением и обнародованием данной видеозаписи в социальных сетях, они потребовали от него 14 000 сомони.
В настоящее время подозреваемые находятся под стражей. В отношении них возбуждено уголовное дело по статье 250 Уголовного кодекса Республики Таджикистан.
Граждан, пострадавших от противоправных действий указанных лиц, просят обращаться в столичную милицию по номеру (+992) 018-02-02-02.
@dushanbe_police_tj
18-05-2026, 13:59
Вернуться назад