Як ронанда дар шаҳри Душанбе, ки бинобар пеш наомадани душвориҳои бештар нахост номаш гуфта ва чеҳрааш нишон дода шавад, гуфт, ки таксӣ дигар даромад надорад.
Вай аз бонк 160 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, мошин харидааст. Ҳоло ҳар рӯз 250 сомонӣ қарзи бонкро бармегардонад ва 100 сомонӣ ба хазинаи Барномаи "Ҷӯра" медиҳад. Акнун 40 дирам баланд шудани нархи барқ барои электромобилҳо, даромади ӯро боз ҳам камтар кардааст.
Мегӯяд, пештар хароҷоташон кам буд ва бо 50-54 сомонӣ барқ пур мекарданд ва ҳоло аз 70 сомонӣ боло барқ пур мекунад. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, агар вазъ чунин давом кунад, мумкин аст, кору даромадашро аз даст диҳад.
"Бовар кунед, ман бисёр таксиронҳоро мепурсам, бечораҳо қарздоранд. Шахсан худи ман ҳам қарздорам. Аз бонк ҳам қарздоранд, аз ширкат ҳам. Мебинам, мошинро месупоранд. Мебинам, ҳуҷҷатҳо дар даст, мепурсам, куҷо меравед, шартнома бастан? Мегӯянд, ки не, мошинро месупорем. Мепурсам, чаро? Мегӯянд, ки ба ин шакл кор пеш намеравад, қарздор шудем".
Ба қавли ӯ, баъди барҳам додани баъзе ширкатҳои таксиронӣ, пайдо шудани "Ҷӯра" ва харҷи зиёд, сатҳу сифати хидматрасонӣ низ мисли пештара нест.