Тағйироти кадрӣ: Муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва додситону сардори шуъбаи ВКД дар Мастҷоҳ нав шуданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар имрӯз дар сохторҳои Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом додааст.
Аз ҷумла, Тоҷиддин Ҳафиззода аз вазифаи муовини раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд озод гардида, раиси додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ таъин шудааст.
Ҳамчунин, бо дастури раисҷумҳур, додситон ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷойи онҳо нафарони дигар таъин шудааст.
Сабаби аз вазифаи озод шудани онҳо ва номи нафарони навтаъин гуфта нашудааст.
Ҳамчунин, додситон ва сардорони шуъбаҳои ВКД дар якчанд шаҳру навоҳии кишвар иваз шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат фаъолияти ин сохторҳоро баррасӣ карда, “барои рафъи камбудиҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас додааст”.