Имрӯз дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар соли 2026 оғоз шуд. Дар рӯзи якуми мусобиқа мо шоҳиди финали тоҷикӣ дар вазни то 66 кг шудем.
Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ба гиребон шуданд. Дар натиҷа Эмомалӣ Нуралӣ ғолиб омада, медали тиллоро соҳиб шуд. Ин аввалин медали тилло дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад. Соли гузашта, Эмомалӣ медали биринҷӣ гирифта буд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Нуралӣ пас аз 9 сол ба Тоҷикистон медали тилло аз Чемпионати Осиё меорад. Охирин маротиба соли 2017 дар Тошканд паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медали тиллои Чемпионати Осиё ноил шуда буд.
VarzishTV