Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дар назди “Маркази сершуғли муҳоҷират”
Пулиси Душанбе аз боздошти як ҷавон хабар дод, ки ба қаллобӣ дар назди “Маркази сершуғли муҳоҷират” гумонбар мешавад.
Ин ниҳод гуфт, боздоштшуда аз шаҳрвандон бо ваъдаи барояшон дар муддати кӯтоҳ дастрас кардани гувоҳномаи донистани забонҳои хориҷӣ пул гирифта, онҳоро фиреб додааст.
Дар иттилояи пулиси пойтахт, ки рӯзи 16-уми апрел нашр шуд, аз гумонбар Фирӯз Ҳасанов, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ном бурда мешавад.
Мақомот гуфтаанд, ки ӯ дар назди бинои “Маркази сершуғли муҳоҷират” дар кӯчаи С. Айнии пойтахт бо чунин тақаллубкорӣ теъдоди зиёди сокинонро фиреб дода, пулашонро аз худ кардааст.
Назари Ҳасанов дар мавриди ин гуфтаҳои мақомот маълум нест.
Пулиси Душанбе навишт, ки нисбати ӯ “маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”.