DataLife Engine / Боздошти сарояндае,ки ҷавондухтаронро ба танфурӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ ҷалби менамуд шаҳрванд Раҳимова Хуршеда Иброҳимовна, соли таваллудаш 1988

Боздошти сарояндае,ки ҷавондухтаронро ба танфурӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ ҷалби менамуд шаҳрванд Раҳимова Хуршеда Иброҳимовна, соли таваллудаш 1988

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба танфурӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ шаҳрванд Раҳимова Хуршеда Иброҳимовна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд.
Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда давоми солҳои тӯлонӣ бо роҳи фиреб ба боварии ҷавондухтарон, махсусан онҳое, ки дар байни мардум шуҳрат доранд даромада, бо ваъдаҳои гуногун дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамзамон онҳоро ба хориҷи кишвар бурда, бар ивази маблағҳои пулӣ маҷбур ба анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ бо мардон мекардааст.
Айни замон як қатор чунин кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда ошкор карда шудаанд.
Ҳоло Раҳимова Х. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани дигар ҳолатҳои кирдорҳои ҷиноятии ӯ чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.
Аз шаҳрвандон, бахусус он нафароне, ки эҳтимолан мавриди истисмори ҳадафҳои ҷиноятии номбурда қарор гирифтаанд, хоҳиш карда мешавад, ки тавассути рақами (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Сотрудниками уголовного розыска Управления МВД по городу Душанбе, в результате оперативно-розыскных мероприятий была задержана Рахимова Хуршеда Иброхимовна, 1988 года рождения, жительница города Душанбе, подозреваемая в совершении ряда преступлений, связанных с вовлечением девушек в проституцию и оказанием интимных услуг.
В ходе предварительного следствия установлено, что подозреваемая на протяжении длительного времени обманом входила в доверие к молодым девушкам, особенно к тем, кто имел определённую известность среди населения, после чего под различными предлогами вывозила их как по территории республики, так и за её пределы, где за денежные средства принуждала к совершению действий сексуального характера с мужчинами.
На данный момент установлено несколько эпизодов преступной деятельности подозреваемой.
В настоящее время Рахимова Х. содержится под стражей, продолжаются следственные мероприятия, направленные на выявление других эпизодов её противоправной деятельности.
Граждан, в особенности лиц, которые могли пострадать от преступных действий данной подозреваемой, просят обращаться в столичную милицию по телефону (+992) 018-02-02-02.
@dushanbe_police_tj
11-04-2026, 15:06
Вернуться назад