АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД 
Вокуниш: татбиқи ҳабс ва ҷаримаи маъмурӣ барои муноқиша дар мавзеи Фахробод
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, дар он дида мешавад як гурӯҳ ҷавонон байни ҳам муноқиша намуда, дар ҳамин ҳол як нафар ҷавонписар ҷавондухтареро маҷбуран ба дохили автомашинаи таксӣ савор намуданӣ мешавад. Ба иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳодиса дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон рух дода, зимни ирсол ба мақомоти милитсияи Хатлон дархост намуданд, ки ба ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар натиҷаи таҳқиқи ҳодиса нафарони дар навор инъикосёфтаро муайян ва ба мақомоти милитсияи вилояти Хатлон дастрас намуданд. Инҳо:
Астанақуллов Суннатулло Кулобиевич 31.12.2004 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
Мирзошарипов Муҳаммад Аҳтамҷонович 27.03.2003 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
Ашуров Шаҳбон Саидумарович 04.13.1997 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
Розиқов Шаҳбоз Ҳокимович 28.08.2004 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
Самиева Фарзона Мирзоевна 12.12.2005 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти С.Кабуд,
Шоҳмадзода Мафтуна Суннатулло 20.01.2008 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати шаҳраки Ҳулбук.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ва далелҳои ҷамъовардашуда муайян карда шуд, ки санаи 6 апрели соли равон дастгиршудагон
Астанқулов Суннатулло ва Мирзошарипов Муҳаммад бо ҳамроҳии Самиева Фарзона ва Шоҳмаҳмадзода Мафтуна тавассути автомашинаи таксӣ аз шаҳри Душанбе бо мақсади фароғат дар оғӯши табиат ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон омада, баъди аз меъёр зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ тартиботро вайрон ва нисбати дигар шаҳрвандон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, оромии истироҳаткунандагонро халалдор намудаанд.
Дар ҳамин ҳол боздоштшудагони дигар Ашӯров Шаҳбон ва Розиқов Шаҳбоз ба назди онҳо омада, ҷиҳати риоя намудани тартибот сухан мекунанд. Вале, мутаассифона байни ҳарду ҷониб муноқишаи лафзӣ ва сипас латукӯби ҳамдигарӣ рух дода, тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва оромии шаҳрвандонро дар ин мавзеи истироҳатӣ халалдор намудаанд.
Бо назардошти ин омил, нисбати ҳарду гурӯҳи дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суд ирсол гардид.
Дар асоси Қарори Суд нисбати Самиева Фарзона ва Шоҳмаҳмадзода Мафтуна ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 780 сомонӣ ва нисбати 4 нафар ҷавонписарон ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 7 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.
РВКД ХАТЛОН