DataLife Engine / Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар он лаҳзаи муноқиша ва дағалгуфтории ронанда ва пулчини (кондуктори) воситаи нақлиёти мусофирбар бо шаҳрвандон инъикос ёфтаас

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар он лаҳзаи муноқиша ва дағалгуфтории ронанда ва пулчини (кондуктори) воситаи нақлиёти мусофирбар бо шаҳрвандон инъикос ёфтаас

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар он лаҳзаи муноқиша ва дағалгуфтории ронанда ва пулчини (кондуктори) воситаи нақлиёти мусофирбар бо шаҳрвандон инъикос ёфтааст, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 5 апрели соли ҷорӣ дар кӯчаи Шамсӣ, назди маркази савдои «Саодат» рух додааст.
Қурбонов Алиҷон — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақамҳои қайди давлатиаш 4045ТТ09, дар якҷоягӣ бо пулчинаш (кондуктор) — ноболиғ Шерматов М., бо мусофирон муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.
8-04-2026, 16:08
Вернуться назад