Дар моҳи майи соли 2022, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими эълони як тарҳи нави калон, дар маконе номаълум дар наздикии Душанбе иштирок кард ва дар аксҳо вазири дифои Тоҷикистон ҳам дар паҳлӯи ӯ дида мешуд.
Ба гуфтаи онҳо, ин аввалин маркази тавлиди паҳбоди Эрон дар берун аз он кишвар буд. Корхонае барои тавлиди паҳбоди иктишофӣ-тактикии "Абобил 2", бо бурди ҳудуди 200 километр -- хурдтар ва арзонтар аз паҳбодҳои "Шоҳид", ки ба рамзи содироти низомии Эрон табдил шудааст.
Ҳеч яке аз ин ду нафар ҳоло дар мақоми худ нестанд. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар моҳи январи соли гузашта аз мақомаш барканор шуд. Сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза байни Исроил ва Эрон дар моҳи июни соли гузашта кушта шуд.
Аммо Муҳаммад Боқирӣ дар соли 2022 бо шӯру шавқ аз ояндаи рӯшан сухан мегуфт:
Ӯ гуфт, "имрӯз ба ҷойе расидаем, ки илова бар таъмини ниёзҳои дохилӣ, метавонем бо ҳадафи таҳкими амният ба кишварҳои муттаҳид ва дӯст таҷҳизоти низомӣ содир кунем".
Рӯзи баъд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммад Боқирӣ мулоқот кард ва расман аз "ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ" байни ду кишвар истиқбол кард. Аммо тақрибан чаҳор сол баъд, ҳанӯз маълум нест, ки оё ин корхона паҳбод тавлид мекунад ё не. Ва агар бале, ин паҳбодҳо ба куҷо мераванд ва чӣ касе аз онҳо истифода мекунад.
ОЁ АСЛАН ВУҶУД ДОРАД?
Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати саноат ва фановариҳои нави Тоҷикистон нома бурд ва мунтазири посух аст.
Аммо ду мақоми баландпоя дар Душанбе дар сӯҳбатҳои хусусӣ гуфтанд, ки ин корхона ҳаргиз ифтитоҳ нашудааст.
Яке аз онҳо гуфт, "таъсиси як маркази тавлиди паҳбод монанди тавлиди "пепсикола" нест. Ман 1000 дарсад мутмаин ҳастам, ки чунин корхона дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аслан, чунин корхонае вуҷуд надорад".
Як дипомати ғарбӣ муқими Душанбе низ ҳамин гуна назарро баён кард. Ӯ гуфт, "мо дар ин бора як замоне дар хабарҳо хондем. Ростӣ, баъд аз он мо на аз амрикоиҳо ва на аз ҷониби худамон дар мавриди он нашунидем. Агар чунин чизе вуҷуд дошт, ҳатман дар бораи он суол мекарданд ва онро тасдиқ мекарданд. Аммо чунин иттифоқе наутод".
Расонаҳои эронӣ гузориш дода буданд, ки ин корхона дар Душанбе, дар атрофи шаҳр ҷойгир шудааст. Бархе аз нозирон тахмин кардаанд, ки ин корхона метавонад дар наздикии пойгоҳии ҳавоии "Айнӣ" ҷойгир шуда бошад. Пойгоҳи "Айнӣ як иншооти низомии калон дар атрофи пойтахти Тоҷикистон, мизбони нерӯҳои ин кишвар ва гоҳе низ мизбони нерӯҳои Русия аст.
Игор Семиволос, мудири Маркази таҳқиқоти Ховари Миёна дар Киев, гуфт, бо истифода аз маълумоти манбаъҳои бози феълӣ -- (OSINT) -- тасвирҳои моҳвораӣ ва дигар маълумоти умумӣ эҳтимолан тавлидоти ҳамчун корхонае қобили ташхис мебуд.
Ӯ гуфт, "агар мо дар бораи тавлидоти комилан махфӣ сӯҳбат мекунем, ман бовар надорам, ки бо таваҷҷуҳ бо тавоноиҳои кунунии маълумоти боз, махфӣ нигоҳ доштани он комилан мумкин бошад. Ин воқеият, ки ин паҳбодҳо дар ҳеч куҷо дида нашудаанд, ба ин маъно аст, ки ин тарҳ метавонад ҳамчун як намоиш тафсир шавад"
Эълони ин корхона танҳо чанд моҳ пас аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 сурат гирифт. Дар тобистони соли 2022, Эрон ба фиристодани паҳбодҳои "Шоҳид" барои Русия ҷиҳати истифода дар ҷанг, оғоз кард.
Игор Семиволос, мудири Маркази таҳқиқоти Ховари Миёна дар Киев, гуфт, ба бовари вай, дар ҳамчун заминае, бо ҳассостар шудани мавзуи паҳбодҳои эронӣ барои Тоҷикистон, ҷойе ки ҳамкориҳо инизомӣ бо Теҳрон ё Маскав метавонад боиси таваҷҷуҳи байналмилалӣ, таҳримҳо ва ё фишорҳои дипломатӣ шавад, шояд ҳукумати Тоҷикистон тасмими худро тағйир дода бошад".
Ӯ гуфт, "шояд мақомоти тоҷик тасмим гирифтанд, ки зиндагии худро печида насозанд ва ба тадриҷ ин равандро кунд карда ва онро канор бигузоранд.
ҲЕЧ НИШОНАЕ ДАР МИЁНИ НЕРӮҲОИ РУС
Ошкортарин изҳори назари расмӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон замоне нашр шуд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ дар таърихи 30 октябри соли 2022 баёнияе содир кард ва гузоришҳоро дар бораи ин, ки паҳбодҳои сохти ин кишвар барои истифода дар Украина ба Русия дода мешаванд, такзиб кард.
Дар ин баёния онҳо вуҷуди ин корхонаро тасдиқ ё рад накарданд, аммо гуфтанд, ки Тоҷикистон "ба кишварҳои севум таҷҳизоти низомӣ содир намекунад".
Игор Семиволос ҳамчунин гуфт, ки ҳеч нишонае аз паҳбодҳои ин корхона дар майдонҳои ҷанги Украина дида нашудааст.
Ӯ гуфт, "мо дар воқеъ "Абобил-2"-ро дар ҳеч куҷо надидаем. Агар манзур ҷабҳаи Русия ва Украина аст, чунин паҳбодҳое дида нашудаанд. Арзёбии ҳаҷми тавлид ва фаъолияти ин корхона бисёр мушкил аст".
Яке аз мақомоти тоҷик, ки ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ сӮҳбат кард, гуфт, ки ҳама маросими ифтитоҳи ин корхонаи тавлиди паҳбод дар соли 2022 танҳо барои ҳадафҳои таблиғотии Эрон созмондиҳӣ шуда буд. Ӯ дар бораи ин ҳадафҳои мушаххаси ин иқдом тавзеҳоти бештар надод.
Эрик Лоб, устоди сиёсат ва робитаҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Флорида ба Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт, ки агар маросими ифтитоҳи корхонаи паҳбоди Тоҷикистон саҳнасозӣ шуда бошад, эҳтимолан ҳадафи он фиристодани паёмҳои сиёсӣ аз сӯи Теҳрон будааст.
Ин ташрифот ва намоишҳо равише барои Эрон аст, то ба таври рамзӣ дар баробари инзивои байналмилалӣ вокуниш нишон диҳад, паёмҳоеро ирсол кунанд, ки Эрон онқадар, ки ба назар мерасад, дар инзиво нест. Ва ҳатто барои машруияти дохилӣ, инро нишон медиҳад, ки ин режим муттаҳидон, шарикон ва дӯстоне дорад".