DataLife Engine / "Ҳавои Душанбе бисёр ифлос аст". Тоҷикистон дар сегонаи кишварҳои олудатарини ҷаҳон

"Ҳавои Душанбе бисёр ифлос аст". Тоҷикистон дар сегонаи кишварҳои олудатарини ҷаҳон

Покистон, Бангладеш ва Тоҷикистон. Дар гузориши ҷаҳонии сифати ҳаво барои соли 2025, ки рӯзи 24-уми март нашр шуд, Тоҷикистон дар сегонаи кишварҳоест, ки аз ҳама зиёд ҳавои олуда ё ифлос доранд.

Бар пояи ин гузориш, сатҳи олудагии ҳавои Тоҷикистон дар соли гузашта даҳҳо маротиба бештар аз меъёри муқарраркардаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ будааст. Ин гузориш Душанберо шаҳри аз ҳама олудатарини Тоҷикистон донистааст.

Дар як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ баъзе аз сокинон ва меҳмонон дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, ба хулосаҳои гузориш мувофиқанд, вале бархеи дигар зидди он будаанд.

Сабур Абдуллозода, мудири як озмоишгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки солҳо боз ба омӯзиши сифати ҳаво сару кор дорад, мегӯяд, нишондиҳандаи охир барои тамоми Тоҷикистон хос нест, вале ҳавои Душанбе бисёр олуда аст. Вай афзуд: “Аз ҳисоби чангу ғуборе, ки аз кишварҳои бегона меояд. 21-уми феврал аллакай чангу ғубор омад. Аз ҳисоби ҳамин чангу хоке, ки аз кишварҳои бурунмарзӣ меояд, ман ин ба розӣ шуданам мумкин аст, ки дар ҷои сеюм бошад. Душанбе дар чуқурӣ ҳасту гирду атроф ҳама кӯҳу баландиҳо ҳаст. Ҳамон чангу хоке, ки ба Тоҷикистон меояд, вай сифати ҳаворо паст мекунад”.

Дар гузашта Корхонаи семент, Марказу барқу гармидиҳӣ ва дуди ғализи коргоҳҳои оҳангудозии Душанбе, ки бештар бо фанновариҳои куҳнаи чинӣ кор мекунанд, аз сабабҳои олудагии ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон номбар мешуданд.

Аз назари Сабур Абдуллозода, омили асосии олудагии ҳавои Тоҷикистон қарор доштани кишвар дар камарбанди чангу ғуборест, ки аз биёбони Саҳрои Кабир оғоз мешавад ва 9-10 биёбони дигарро фаро мегирад.

Ӯ бовар дорад, ки омилҳои дохилӣ дар ифлосии ҳавои Душанбе нақши камтар доранд, аммо пажӯҳиши якҷояи онҳо бо олимони хориҷӣ дар таркиби ҳавои Душанбе то 48 унсур, аз ҷумла 11 филиз (метал)-и вазнин ва ҳатто марги мушро муайян кардааст.

“Мо бояд истифодаи ангиштро кам кунему ба ҷойи ҳамон энергияи сабзро истифода барем. Дигар мо бартарӣ медиҳем ба кабудизоркунӣ. Кабудизоркунӣ бештар боришотро ба вуҷуд меорад. Дарахтон аз уқёнусу баҳру дарёҳо дида зиёдтар ба гардиши об дар табиат нақши калон доранд. Қариб се-чор маротиба зиёд. Албатта, ин ягона имконияти дастрас аст, ки мо дарахтзор кунему сатҳи ҳаворо беҳтар кунем. Лекин то ҳамин вақт мо баръакс дархтҳоро нест карда, сохтмон карда истодаем”.- гуфт, Сабур Абдуллозода, мудири лабораторияи Академияи улуми Тоҷикистон.

Гузориши ҷаҳонии сифати ҳаворо ҳар сол пажуҳишгоҳи IQAir-и Швейтсария, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, нашр мекунад. Дар гузашта Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои ин пажӯҳишгоҳ шубҳа карда буд, ки маълумотро аз пойгоҳҳои давлатӣ намегирад. Ба таҳлили мутахассисони ин ниҳод, сифати ҳавои пойтахт ба меъёри беҳдоштӣ мувофиқ аст.

Дар ин гузориш пас аз Тоҷикистон Чад, Конго, Ҳиндустон, Кувайт, Уганда, Миср ва Узбекистон дар даҳгонаи кишварҳое ҷой гирифтаанд, ки олудатарин ҳаворо доранд.

30-03-2026, 10:31
Вернуться назад