Исоқов Акмал, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, аз ҷониби кормандони бозрасии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар содир намудани ғайриқонунӣ идора карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 23-юми марти соли ҷорӣ, аз дохили нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Шараф, воситаи нақлиёти тамғаи “БМВ Х-5”, рақамҳои қайди давлатиаш 0004RV01-ро ғайриқонунӣ гирифта, ба самти шаҳри Турсунзода идора карда бурдааст.
Ҳамзамон муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда дар ҳудуди шаҳри Турсунзода низ дар ду ҳолат бе иҷозати соҳибмулк воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро ғайриқонунӣ идора кардааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Сотрудниками автомобильной инспекции ОМВД-2 по району Сино по подозрению в незаконном завладении транспортным средством был задержан Исоков Акмал, 30-летний житель города Душанбе, ранее судимый за кражу.
Вышеуказанный 23 марта текущего года, находясь на территории пункта ремонта автомобилей по улице Шараф, незаконно завладел автомашиной марки «BMW X5», государственный регистрационный номер 0004RV01, после чего направился в сторону города Турсунзаде.
Также установлено, что на территории города Турсунзаде подозреваемый в двух случаях незаконно управлял транспортными средствами граждан без разрешения владельцев.
В настоящее время подозреваемый содержится под стражей, в отношении него возбуждено уголовное дело по статье 252 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, ведётся следствие.
Граждан, пострадавших от противоправных действий Исоқова А., просят обратиться в столичную милицию по телефону (+992) 018-02-02-02.
@dushanbe_police_tj