DataLife Engine / Дар натиҷаи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шумораи зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо ва кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ карда шудаанд.

Дар натиҷаи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шумораи зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо ва кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ карда шудаанд.

Дар натиҷаи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шумораи зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо ва кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, амалиёти шартии «Корд» дар пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ мусоидати назаррас намуд.
Зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, кормандони самти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ду нафар ноболиғи 16-солаи сокини пойтахтро дастгир намуданд, ки яке бо корд ва дигаре бо «бита» дар кӯчаҳо сайру гашт мекарданд.
Аз номбурдагон як адад корд ва як адад «бита» дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Бори дигар аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони ноболиғи худро бе назорат нагузоранд ва дар таълиму тарбияи онҳо масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.
25-03-2026, 10:42
Вернуться назад