Ғоибов Ғолибшо, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар дониста мешавад.
Номбурда дар кӯчаи А. Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Қурбонов Сайобид, сокини 38-солаи пойтахтро мавриди латукӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
Гумонбаршаванда аз ин қаноатманд нагардида, кирдори авбошонаи худро идома дода, бо дандонҳояш гӯши чапи шаҳрванд Қурбонов С.-ро газида, қисми болояшро канда ҷудо намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид.
Вобаста ба ҳолати мазкур дар ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Ғоибов Ғ., тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.