Кормандони Шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зимни таҳқиқи навор муайян намуданд, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "Сонг плюс" рақами қайди давлатиаш 3333 MF 10 Сафарова Суман Хайриддиновна соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат кӯчаи Роҳатӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри мазкур бар муқобили самти ҳаракат баромада, ҳолати хатарнок ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда дар асоси моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷазо татбиқ карда шуд.