5% солона: ипотека аз Душанбе Сити Бонк ва “Себистон” бо шартҳои мусоид
Бо шартҳои мусоиди ипотека орзуи соҳиби манзил шудан ба ҳақиқат наздиктар мешавад.
Душанбе Сити Бонк якҷоя бо ширкати сохтмонии “Себистон” қарзи ипотекиро бо 5% солона, бо доллари ИМА ва ба муҳлати то 8 сол пешниҳод мекунад.
Барои харид бояд 30%-и арзиши манзилро ҳамчун пардохти аввалия супоред, 70%-и боқимондаро бошад, метавонед тавассути бонк бо ипотека пардохт кунед.
Барнома чор лоиҳаи манзилиро дар бар мегирад: гулгашти “Скандинавия”, маҷмааи истиқоматии “Address Residence”, “Гиссар Молл” ва маҷмааи истиқоматии “Пӯлодӣ 43”. Шумо метавонед манзили мувофиқро интихоб карда, бо шартҳои хариди он шинос шавед.
Қарз ҳар моҳ мувофиқи ҷадвал бо маблағҳои баробар пардохт мешавад. Ин имкон медиҳад, ки хароҷоти худро барои тамоми муҳлати қарз пешакӣ ба нақша гиред.
Бо тафсилоти барномаи ипотека дар сомонаи ipoteka.dc.tj шинос шавед ва манзили орзуятонро интихоб кунед.