DataLife Engine / МАВҚЕИ ОЛИМПИИ ҶУДОКОРОНИ ТОҶИК ДАР РОҲ БА ОЛИМПИАДАИ ЛОС-АНҶЕЛЕС-2028

МАВҚЕИ ОЛИМПИИ ҶУДОКОРОНИ ТОҶИК ДАР РОҲ БА ОЛИМПИАДАИ ЛОС-АНҶЕЛЕС-2028

МАВҚЕИ ОЛИМПИИ ҶУДОКОРОНИ ТОҶИК ДАР РОҲ БА ОЛИМПИАДАИ ЛОС-АНҶЕЛЕС-2028
Дар ҷадвали радабандӣ, 11 варзишггар аз Тоҷикистон - 9 мард ва 2 зан қарор доранд.
-----
Алексей Корчагин, махсус барои «asia+»
То Бозиҳои олимпии соли 2028 камтар аз ду сол боқӣ мондааст, аммо мубориза барои ба даст овардани роҳхатҳо аллакай, оғоз ёфтааст. Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии махсуси олимпиро пеш мебарад, ки дар асоси он пас аз анҷоми давраи интихобӣ, роҳхатҳо тақсим карда мешаванд.
То имрӯз Муҳиддин Асадуллоев, беҳтарин намояндаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ мебошад. Ӯ дар вазни 73 кг бо касби 410 имтиёз дар зинаи 17-ум қарор дорад. Дар миёни варзишгарони мо, пас аз ӯ Эмомалӣ Нуралӣ ҷой гирифтааст. Ин ҷудокори тоҷик дар вазни 66 кг бо 260 имтиёз дар зинаи 24-ум қарор дорад. Дар ҷадвали пешакии интихобӣ, ҳар ду варзишгар ҳамчун довталабони роҳхатҳои мустақими олимпӣ нишон дода шудаанд.
Аз рӯйи шумораи имтиёзҳо, дар миёни мардони ҷудокори тоҷик, Абубакр Боқиев дар ҷойи сеюм қарор дорад. Ӯ дар вазни 81 кг бо 130 имтиёз зинаи 48-умро ишғол мекунад. Мақоми феълии ӯ дар ҷадвал довталаб ба квотаи қитъавӣ мебошад.
Ҷудокорони тоҷик дар радабандии олимпӣ:
Муҳиддин Асадуллоев — 73 кг, зинаи 17-ум, 410 имтиёз;
Эмомалӣ Нуралӣ — 66 кг, зинаи 24-ум, 260 имтиёз;
Абӯбакр Боқиев — 81 кг, зинаи 48-ум, 130 имтиёз;
Лоиқ Қудбудинов — 60 кг, зинаи 52-ум, 90 имтиёз;
Ҷаҳонгир Маҷидов — 100 кг, зинаи 57-ум, 90 имтиёз;
Искандар Маҳмадхоҷазода — 66 кг, зинаи 59-ум, 80 имтиёз;
Парвиз Абдураҳмонов — 100 кг, зинаи 68-ум, 60 имтиёз;
Беҳрӯзи Хоҷазода — 81 кг, зинаи 79-ум, 60 имтиёз;
Абӯбакр Шеров — 81 кг, зинаи 79-ум, 60 имтиёз;
Мадина Қурбонзода — 52 кг, зинаи 83-юм, 15 имтиёз;
Аҳлия Муъминова — 48 кг, зинаи 100-ум, 5 имтиёз.
♦️Кӣ ба Олимпиада наздиктар аст?
Ҳоло Муҳиддин Асадуллоев ва Эмомалӣ Нуралӣ мавқеъҳои умедбахш доранд. Дар баробари ин, бояд дарк кард, ки зинаи 17-уми Асадуллоев ва 24-уми Эмомалӣ иштироки онҳоро дар Бозиҳои олимпӣ кафолат намедиҳанд.
Низоми интихобӣ дар ҳар яке аз 14 вазн, 17 роҳхати мустақимро пешбинӣ мекунад. Аммо як маҳдудият вуҷуд дорад: ҳар кишвар метавонад дар ҳар вазн як варзишгарро пешниҳод кунад.
Аз ин рӯ, ҳатто ҷудокоре, ки берун аз 17 зинаи аввал қарор дорад, метавонад ба минтақаи дарёфти роҳхати мустақим ворид шавад, агар дар зинаҳои болотар аз ӯ якчанд намояндаи як кишвар ҷой гирифта бошанд.
♦️Имтиёзҳои олимпӣ чӣ гуна ҳисоб карда мешаванд?
Давраи интихобии олимпии ҷудо 15-уми июни соли 2026 оғоз ёфта, 12 -уми июни соли 2028 ба анҷом мерасад. Дар ин давра варзишгарон дар мусобиқаҳои расмии байнулмилалии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) имтиёз ба даст меоранд. Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, мусобиқаҳои “World Masters”, “Grand Slam”, “Grand Prix” ва мусобиқоти қаҳрамонии қитъавӣ аҳаммияти бештар доранд.
Дар баробари ин, низоми ҳисобкунӣ на танҳо шумораи пирӯзиҳо, балки сатҳи мусобиқа, ҷойи ниҳоӣ ва муҳлати баргузории мусобиқаҳоро низ ба назар мегирад. Тибқи қоидаҳои интихобӣ ба Олимпиадаи Лос-Анҷелес-2028, натиҷаҳои қисми аввали давраи олимпӣ бо коэффитсиенти 50% ҳисоб карда мешаванд, дар ҳоле ки натиҷаи ҳунарнамоиҳо дар қисми дуюм пурра ба инобат гирифта мешаванд. Барои ҳисоб кардани радабандӣ натиҷаҳои беҳтарини варзишгарон мувофиқи низомномаи IJF интихоб карда мешаванд.
Ин маънои онро дорад, ки ҳатто як ҳунарнамоии муваффақ дар мусобиқаи бузург метавонад мавқеи ҷудокорро ба таври назаррас беҳтар кунад, аммо барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар тамоми давраи интихобӣ натиҷаҳои устувор заруранд.
♦️Тоҷикистон чанд роҳхат ба даст оварда метавонад?
Дар марҳилаи кунунӣ, дар бораи шумораи ниҳоии роҳхатҳои олимпӣ сухан гуфтан барвақт аст. Дар ҷадвали пешакӣ, ду варзишгари тоҷик дар минтақаи дарёфти роҳхатҳои мустақим қарор доранд ва як нафари дигар довталаби квотаи қитъавӣ мебошад.
Аммо қисми зиёди давраи интихобӣ ҳанӯз дар пеш аст, ки дар давоми он мавқеи варзишгарон дар радабандӣ метавонад ба таври назаррас тағйир ёбад. Радабандии ниҳоии олимпӣ 15-уми июни соли 2028 нашр мешавад. Маҳз ҳамон вақт маълум хоҳад шуд, ки кадоме аз ҷудокорони тоҷик ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелесро ба даст меорад.
Вчера, 08:58
Вернуться назад